Садои Шарқ - №10 – 2019 - Мусоҳиба ҲАР КУҶОЕ ХАЛҚ БУД, МИРЗОИ ТУРСУНЗОДА БУД

Ҳамадонӣ: Андеша  

Ба қабати дувуми бинои чорошёна баромадам, азбаски суроғаро аниқ намедонистам, таваккалбархудо даст бар тугмаи занги яке аз дарҳо бурдам. Дақиқае нагузашта, зане бо чеҳраи нуронӣ дарро кушод ва аз эшон манзили Фирӯза Турсунзодаро пурсон шудам. Хушбахтона, худашон буданд. Вақте аз мақсадам огаҳ гаштанд, бо табассуми зебанда ва садои нарм маро ба хона даъват карданд. Дар як тарафи девор якчанд акс овезон буд. Аксҳои давраи ҷавонии муаллима, фарзанди ягона ва набераҳояшон. Ростӣ, қабл аз наздашон омадан ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифта буд, зеро нияти суҳбат кардан бо фарзанди шахсиятеро доштам, ки номаш шуҳраи олам гаштааст. Муаллимаро бисёр зани ҳалим, меҳрубон ва хушсуҳбат дарёфтам. Фикр мекардам, ки аз даричаи чашмонашон устод Турсунзода ба ман менигаранд.

Бо муаллимаи меҳрубон қариб ду соат суҳбат кардем. Дар вуҷудашон хастагиро эҳсос намекардам. Бо самимият ва ифтихор аз падарашон ҳарф мезаданд. Инак фишурдаи суҳбат бо муаллима Фирӯза Турсунзода.

 

• Сараввал мехостем бифаҳмем, ки имрӯзҳо духтари ягонаи устод Турсунзода чӣ ҳол доранд?

Аҳволи ман мисли дигар одамҳое, ки ҳамсинну соли мананд. Ман 82-сола шудам. Ҳоло бошад, нафақахӯр. Аммо аз навиштан дур нестам. Масалан, дар арафаи 3000-солагии Ҳисор як мақолаам чоп шуд.

Писари ягонаи ман Темур номзади илмҳои антропология буда, ҳоло дар Маскав фаъолият мекунад. Писари Темур Рустам аспиранти Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ аст ва духтараш Сабина дар Донишгоҳи ба номи Морис Торез забонҳои фаронсавӣ ва англисиро меомӯзад.

Ман ду бародар дорам – Масъуд ва Парвиз. Масъуд соҳиби се фарзанд аст. Духтараш Дилоро ҳамсари писари Муъмин Қаноат аст, ки фарзандони онҳо – Мирзо доктори илмҳои биохимия ва Суман донишҷӯи Донишгоҳи равоншиносии Канада мебошанд.

Писарони Масъуд –Нодир ва Эраҷ яке дар дар соҳаи алоқаи радиоӣ кор мекунад ва дигаре барномасоз аст. Бояд бигӯям, ки Нодир аз Осиёи Миёна аввалин нафаре буд, ки парчами Тоҷикистонро дар Антарктида насб кард.

Фарзанди калонии Парвиз-Фарзон хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ буда, корманди Вазорати тандурустӣ мебошад. Духтаронаш Ширин ва Шаҳло дар соҳаи иқтисод фаъолият доранд. Ширин дар яке аз бонкҳои Канада кор мекунад.

 

• Дар масъалаи табори устод андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Худи устод дар ин маврид чизе мегуфтанд?

Мо вақти зиёд барои суҳбат кардан надоштем. Аммо як маротиба гуфтанд, ки замини Қаратоғ қамишзор будааст. Ба ҳамин ҷо як гурӯҳ аз Бухоро меоянд, муқимӣ мешаванд ва обод мекунанд. Худи қаратоғиҳо ба ман гуфта буданд, ки лаҳҷаи онҳо ба лаҳҷаи бухороиҳо монанд аст. Маълум аст, ки падарашон устои машҳур будаанд. Боре меҳмони қаратоғиҳо будам ва кампирҳо ба ман гуфтанд, ки дар хонаҳошон сандуқу дарҳое ҳастанд, ки бобои мо сохтаанд.

Аз модари угаяшон додаре доштанд бо номи Саидмурод. Писари ҳамон додарашон Абдуҷалил доим ба аҳволпурсиашон меомад ва ҳамонро медонистанд. Дигар ягон хешу табор надоштанд. Аз ин рӯ тамоми пайвандони модарамро дӯст медоштанд. Модаркалони моро, ки зани босавод буд ва кам-кам шеър ҳам менавишт, бисёр ҳурмат мекарданд, он касро мисли модар медонистанд ва «ая» мегуфтанд.

 

• Чӣ сабаб шуда буд, ки устод солҳои сӣ ба Хуҷанд ҳиҷрат карданд?

Падарамро ба театри вилоят ҳамчун ходими адабӣ ба кор фиристоданд. Сабаб ҳамин буд.

 

• Авҷи шуҳрати устод ба солҳои панҷоҳуми асри гузашта рост меояд. Ё шояд хато кунам?

Ман ба он назарам, ки сафари Ҳиндустон барои падарам сабаби таҳаввулоти эҷодӣ гардид.

Вақте падарамро ба Ҳиндустон даъват карданд барои гирифтани ҷоизаи Ҷавоҳирлаъл Нерӯ, маро ҳамроҳашон гирифтанд. Ман дар он ҷо мушоҳида кардам, ки ҳиндуҳо бо падарам ва падарам бо эшон чӣ гуна муносибат мекунанд. Як рӯз то ними шаб, то соати 3 падарам бо ҷавонҳое, ки ба форсӣ шеър менавиштанд, суҳбат доштанд. Шеърҳояшонро мехонданд, ба онҳо маслиҳат медоданд, ҳатто сари як ҳарф баҳс мекарданд, ки агар инро иваз кунед, мазмун дигар мешавад. Муносибати мардуми оддӣ низ бо падарам дигар буд. Боре бо фермерҳо вохӯрӣ доштанд, шеър мехонданд ва саволу ҷавоби зиёд шуда буд.

 

• Шуҳратманд гаштани устод ба чӣ бастагӣ дошт- истеъдод, таваҷҷӯҳи роҳбарон ва ё ягон омили дигар?

Хоксорӣ. Зеро доим таъкид мекарданд, ки шахс ба кадом мартабае, ки нарасад, бояд худашро гум накунад, хоксор бошад.

 

• Ба андешаи шумо миёни «Меҳмони мағрибӣ»-ву русҳо ва Шарқи мазлуму Шарқи сурх дар «Қиссаи Ҳиндустон» умумияту тафриқае вуҷуд дошта метавонад?

Вазъияти Ҳиндустон бо вазъияти Тоҷикистон муқоисанашаванда буд. Русҳо низ «меҳмони мағрибӣ» набуданд. Падарам ба ин чиз ишора карда наметавонистанд. Баъзан вақт бо табассум изҳор мекарданд, ки парвози ҳавопайморо дар осмони Англия боз медоранд, агар дар он Турсунзода нишаста бошад.

 

• Дар «Сайёҳи Ҳинд» байте ҳаст:

Хоки пояшро набояд пок кард,

Пок аз он бояд ки акнун хок кард.

Донишмандон ба он назаранд, ки ин як навъ эътироз алайҳи ҳукумати шӯравӣ буд?

Агар шумо характери падарамро медонистед, дарк мекардед, ки ҳеҷ гоҳ эшон сухани духӯра намегуфтанд. Баъди марги шахс атрофаш ҳар сухан гуфтан мумкин аст, зеро ӯ дигар аз худ дифоъ карда наметавонад. Буҳтону туҳматҳое алайҳи падарам шуда буд. Аммо чархи фалак ҳамаро дар ҷои худ мегузорад.

 

• Умуман, Турсунзодаи бо «ҳар қатра хун»-у бо «ҳар тори мӯ» коммунист метавонистанд, ки ба ягон нуқтаи назари сиёсати Шӯравӣ ихтилоф дошта бошанд?

Падарам ба идеяи коммунистӣ содиқ буданд, зеро давлати Шӯравӣ як бачаи бекасу кӯйро тарбия кард. Аммо атрофи баъзе масъалаҳо баҳс ҳам мекарданд, махсусан, бо роҳбарон. Масалан, оиди ҷашни Наврӯз бисёр кӯшиш карданд, исбот намуданд, ки ин иди халқӣ аст, ба ҳеҷ дину оин иртибот надорад. Дар эҳёи ҷашни Наврӯз падарам саҳми бузург доранд.

Дигар ин ки бо Суслов дар мавриди маҷаллаи «Помир» суҳбате доштанд. Баъди ин суҳбат теъдоди нашри маҷалла зиёд карда шуд.

 

• Дар боло қайд намудед, ки бо падар ба Ҳиндустон сафар кардед. Дастовези худи шумо аз ин сафар чӣ буд?

Дар он ҷо гурӯҳи мо ду тақсим шуд. Маро падарам ба гурӯҳе ҳамроҳ карданд, ки бояд ба тамошои Тоҷмаҳал мерафтанд. Худашон ба ҷустуҷӯи Протап –қаҳрамони он вақт садсолаи «Аз Ганг то Кремл» баромаданд. Дар роҳ ба «хона»-и деҳқоне даромедем, ки сақфаш аз барги бамбук буд, фаршаш холӣ, ҳар гуна қуттиҳои оҳанин ба ҷои ашёи рӯзгор истифода мешуд. Дарёфтам, ки сабаби навиштани «Қиссаи Ҳиндустон» чӣ будааст.

Мо шоҳиди ду Ҳиндустон шудем – Ҳиндустони қашшоқ ва Ҳиндустони аз ҷиҳати таърих, фарҳанг, санъат доро. Маро, ҳамчун аспиранти кафедраи фалсафа, бештар фалсафаи мардуми Ҳинд ба худ ҷалб мекард. Вақте кӯча мебаромадам, ба кору рафтори онҳо таваҷҷӯҳ мекардам. Махсусан, шустушӯяшон дар Ганг фалсафаи бузург дорад.

Дар ман ҳам таҳаввулоте пайдо шуд. Бо вуҷуди зиндагии сахт, ягон нафари онҳо шикоят намекунад, баръакс, аз ватанашон ифтихор доранд. Ҳамин аст, ки падарам мегӯянд:

Пайкари он гарчи чу хокистар аст,

Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст.

Дар ин сафар бо шахсиятҳои шинохтаи Ҳиндустон во хӯрда будем. Махсусан, бо Индира Гандӣ. Ман ба он кас тоқии зардӯзӣ ва куртаи атлас туҳфа карда будам.

 

• Шеъри «Рӯди Ганг» бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад:

Дар шаби тор оби рӯди Ганг,

Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.

Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд,

Мисли шамшерҳои занголуд.

Шояд дар ин ҷо «шамшерҳои занголуд» рамзи ҳиндуҳои таслимшуда ба зулми мағрибиҳост?

Таслим шудан ба маънии хаста шудан нест. Онҳо ба таслим шудан маҷбур буданд, зеро силоҳ надоштанд. Аммо ботинан, ҳеҷ гоҳ таслим нашуда буданд.

Бояд бигӯям, ки рӯи чоп омадани «Қиссаи Ҳинудстон» на фақат дастоварде шуд барои адабиёти тоҷиқ, балки он сабаби мустаҳкам гардидани робитаи Тоҷикистону Ҳиндустон гардид. Таҷлили 100-солагии падарам дар Ҳиндустон далели гуфтаҳои болост.

 

• Шеъри устод Турсунзода аз нигоҳи шумо ҳамчун як файласуф.

Шеър худаш фалсафа аст, махсусан шеъри тоҷик. Бубинед, ки Синои бузург мегӯяд:

Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме,

Саргашта ба олам аз пайи чистаме.

Шеър агар фалсафа надошта бошад, шеър нест. Падарам доим мегуфтанд, ки кас агар оҳанги шеърро дарёбад, фаҳмидани маънии он осон мешавад. Бубинед:

Сурудам, маҳрами рози дили ман,

Аниси булбуловози дили ман.

Уқоби тезпарвози дили ман,

Адиби нуктапардози дили ман.

Аммо як маротиба гуфтанд: «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон», Гераклит мегӯяд: «Ба як об ду бор даромадан ғайримумкин аст», зеро ҳама чиз дар ҳоли инкишофу рушд аст. Аммо рӯд дигар нашуд. Ин фаслсафаи туро инкор мекунад. Яъне чизи ҷовидон ҳам ҳаст». Рӯд ва замин рамзи ҷовидонагист, тағйир намехӯранд, аммо дар атрофаш дигаргунӣ мешавад. Нуктаи назари классикиро инкор намекунанд, аммо ин ақидаи худи шоир аст. Худи рӯд рамзи зиндагӣ ва тараққиёт аст, инро ба ягон чизи конкрет монанд кардан мумкин нест. Фикр мекунам ин мисраъ он маъноро дорад, ки атроф дигар шуд, аммо инсон роҳи рӯдро дигар карда натавонист. Агар инсон таъсир нагузорад, рӯд сад сол ҳам ба як роҳ меравад. Яъне инсоният дунёро дигар кард, аммо рӯдро на.Агар ҳамчун як файласуф бигӯям, ҳеҷ як асари бадеӣ бе ихтилоф пайдо намешавад, ки дар ин бобат аз адибони бузург мисолҳои зиёд овардан мумкин. Асарҳои падарам низ дар асоси ихтилофи куҳнаву нав, анъанаву навоварӣ ва империализму сотсиализм навишта шудаанд.

 

• Бо падар дар ягон маврид баҳс мекардед?

Баҳсҳоямон зиёд буд. Баъзан вақт саволҳои правакатсионӣ медодам. Сари миз, ки менишастем, ҳатман баҳс оғоз мешуд. Дар хона ба мо тамоман озодӣ дода буданд. Мо иҷозат доштем, ки ҳар чизро гӯему пурсем. Гузашта аз ин, ҳар кадоми мо (фарзандони падар –Б.Ҳ) ихтисоси гуногун дорем. Ҳатто, як маротиба Президент гуфтанд, ки чаро ба роҳи падар нарафтед. Аммо ман аз роҳи падар дур нестам, ақидаҳои эстетикии шоирон –аз Рӯдакӣ сар карда то Носири Хусравро кор кардам. Ҳарчанд шеърро дӯст медорам, аммо ҷуръат накардам, ки шеър нависам.

 

• Шумо ҳамчун духтари ягонаи устод шояд эрка будед?

Не. Мисли дигарҳо будам, мисли ҳамсинфонам либос мепӯшидам. Аз ягон кас фарқ надоштам. Синфи 5 будам, падарам аз хориҷа бароям соати дастӣ туҳфа оварданд ва шарт гузоштанд, ки инро вақти мактаб рафтану бозӣ кардан дар дастат набинам. Метавонӣ, ки ҳангоми ягон меҳмонӣ рафтан истифода кунӣ.

Падарам мегуфтанд, ки медонӣ чаро ин қадар туро дӯст медорам? Ҳар вақте ки туро набинам, дар бағалат, дар дастат китоб аст. Воқеан, ҳеҷ чиз ҷойи китобро гирифта наметавонад. На интернет, на чизи дигар. Аммо аз технологияи нав ба фоидаи худи шахс метавон истифода кард. Масалан, ман ду компютер дорам, ки яке корӣ аст. Компютери дуюм китобхонаи калони электронӣ дорад, ки дар он 390 ҳазор китоб ҷой дода шудааст. Ман ду сол аст, ки он китобҳоро мехонам, аммо нав ба ҳарфи Б расидам. Дар ин феҳрист аз адибони тоҷик танҳо номи Баҳориро пайдо кардам. Фикр мекунам, озмуне, ки бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» роҳандозӣ шудааст, беҳтарин иқдом аст.

 

• Мирзо Турсунзода дар муҳити хона чӣ гуна буданд?

Дар хона ҳам хоксор буданд. Ба мо фишор намеоварданд. Намехостанд, ки тамоми ордену медалҳо пеши барашонро зинат диҳад. Як рӯз Масъуд ҳамаи онҳоро ба пеши бари костюм часпонд. Падарам вақте огоҳ шуданд, сарзанишамон карданд ва супоришамон доданд, ки зуд костюмро аз бори вазнини онҳо раҳо кунем.

 

• Ба кори хоҷагӣ машғул мешуданд?

Баъзан вақт бехи дарахтҳоро нарм мекарданд. Умуман гӯем агар, дар хона ба ҳеҷ кор даст намезаданд. Ҳатто, модарам чойнику пиёларо оварда, пешашон мегузоштанд. Баъди чанд лаҳза гашта дароянд агар, падарам пиёла дар даст нишастаанд. Модарам асабонӣ шуда мегуфтанд: «Чойник дар пешатон, чой резед, охир». Падарам ҷавоб медоданд: «Ту резӣ, дигар».

 

• Модаратон чӣ гуна зан буданд?

Модарам мактаби олӣ нахондаанд. Маълумоти синфи чор доштанд. Лекин бисёр зани зирак, доно ва дурандеш буданд. Пеш аз ҳама оқибати ҳар корро фикр мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки бо падарам мухолифат надошта бошанд. Фақат ба мо мегуфтанд, ки имрӯз гусели падаратон меравем ва баъди чанд муддат ба пешвоз. Буданд ҳолатҳое, ки падарам соатҳои 11-12-и шаб меҳмон меоварданд. Барои ин гуна лаҳзаҳо доим ягон хӯроки тайёр доштанд. Фикр мекунам, ки модарам дар меҳмоннавозӣ ҷойи аввалро соҳиб буданд.

Ҳамаи кор ба дӯши модарам бор буд – ободии хона, тарбияи фарзандон. Аз ин рӯ, хӯҷаини асосии хона модарам ба ҳисоб мерафт.

 

• Шоҳиди баҳси падару модар мешудед?

Дар ҳамаи хонавода баҳс ҳаст. Баҳс мекарданд. Масалан, бозорравии падарамро хуш надоштанд. Зеро эшон аз бозор маҳсулоти бекора меоварданд. Худашон мегуфтанд, ки ин мероси падарашон аст. Зеро дар кӯдакӣ ҳамроҳи падар ба бозор мерафтаанд.Баъзан вақт аз меҳмонӣ ширакайф меомаданд. Модарам ҷанҷол мекарданд, ки ба шумо мумкин нест, қандатон баланд.Агар модарам аз падар қаҳр мекарданд, ду-се рӯз гап намезаданд. Падарам ба ман занг зада, «Фирӯз, зуд биё. Аят бо ман гап назада истодааст. Ба вай гӯй, ки гап занад» мегуфтанд.Фолклор барои падарам чизи арзишманд буд. Якчанд суруд ҳам медонистанд. Масалан, таронаи «Ҷигӣ-ҷигӣ, ҷангам макун»-ро вақти хашмгин шудани модарам месароиданд.

 

• Модаратон кай аз олам гузаштанд?

Модарам баъди 10 соли фавти падарам дар синни 70-солагӣ аз олам гузаштанд. Дилкасал буданд. Сабаби маргашон ҳам сактаи дил буд.

 

• Вақте аз модаратон суҳбат мекунем, аз «Ҷони ширин» ёд накарда намешавад.

«Ҷони ширин» туҳфае ба модарам буд барои заҳматҳо ва интизориҳояшон. Фикр мекунам, ки падарам дар ин достон модарамро ба сатҳи ҳамаи занони муборизи роҳи сулҳ бароварданд. Баъдан, метавон гуфт, ки «ҷони ширин» ибораи машҳур миёни мардум шуд. То имрӯз бисёриҳо дӯстдошта ва ё ҳамсарашонро «ҷони ширин» хитоб мекунанд.

Падарам доим таъкид мекарданд, ки ними мукофотҳои ман аз они модаратон аст. Аз модарам ҳамеша сипосгузор буданд, ки барояшон шароити мусоид барои эҷод фароҳам оварда буданд.

 

• Хонаи шумо ҳамеша аз дӯстону меҳмонҳои шинохтаи падар пур буд. Аз онҳо чӣ хотираҳое доред?

Аз кӯдакиям хотираҳои зиёд дорам. Зеро ман дар миёни аҳли адабу санъат калон шудаам. Амаки Боқӣ ба маҷлисҳои мактабии ман мерафтанд. Амаки Миршакарро «патипу» мегуфтам, чунки танҳо он кас дар маҳаллаи мо патефон доштанд. Вақте амаки Миршакар дар кӯча пайдо мешуданд, ҳамаи кӯдакон тарафашон медавиданд ва аз ҳилаҳои сиркии он кас лаззат мебурданд. Ман пешниҳод доштам, бинои истиқоматии дуошёнае, ки дар он замоне шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди М. Миршакар, З. Шаҳидӣ, Б. Раҳимзода, Ғанизода, Т. Пӯлодӣ, Ниёзӣ, Аминзода, Раъно Ғолибова, як муддат устод Лоҳӯтӣ, оилаи мо ва баъдан насли нави адибони тоҷик зиндагӣ мекарданд, ҳифз ва тахтасанге бо сабти номи ин шахсиятҳо дар он ҷо насб карда шавад.

Баъдан, ки дар Маскав таҳсил мекардам, дар хона камтар будам. аммо аз як нафар бисёр миннатдорам. Аз Расул Ғамзатов. Дӯсти наздиктарини падарам буданд. Дирӯз дар осорхона як мактуби Ғамзатов ёфт шуд, ки чунин навиштаанд: «Может я в письме сделал очень много ошибок, но в том, что я тебя люблю, нет никакой ошибки». Ин ду нафар ҳамдигарро бисёр дӯст медоштанд. Ғамзатов вақти зинда будани падарам гуфта буданд, ки кӯшиш мекунам яке аз кӯчаҳои Доғистон ба номи Турсунзода бошад.Ғафуров дӯсти даврони ҷавониашон буданд. Вақте Ғафуров бемор шуданд, падарам бо ранги парида ба хона омаданду гирди миз чарх мезаданд ва такрор мекарданд, ки аҳволашон бад. Воқеан ҳам рӯзи дигар Ғафуров гузаштанд. Барои ман аҷиб аст, ки соли 1977 як идда бузургони фарҳангу санъати тоҷик дунёро падруд гуфтанд. Онҳо сутуни маданияти мо буданд. Намедонам, ки чаро чунин воқеаҳо ҳамон сол рух дод. Вақте додари Бозор Собир Темур Собир фавтид, падарам бемор буданд. Ман пурсидам, ки чӣ хел меравед, шумо бемор? Гуфтанд, ки вай додари Бозор Собир, нарафта намешавад.

 

• Кадом хислатҳои устодро меписандидед?

Хоксорӣ, дасткушодӣ ва ғамхорияшон нисбати оилаҳои адибони фавтида. 100-солагии устод Айнӣ дар ёдам ҳаст, ки падарам бемор буданд. Худашон навишта наметавонистанд. Аз ин рӯ, ҷавоби мактубҳоро шифоҳӣ мегуфтанд ва ман менавиштам. Дар яке аз мактубҳо гуфта мешуд, ки ба оилаи Айнӣ аз ошёнаи аввали яке аз биноҳо ҳатман хона дода шавад. Рӯзи ҷашн бояд автомобиле дар ихтиёри хонаводаи устод бошад. Падарам устод Айниро бисёр эҳтиром мекарданд. Вақте ба ҳавлӣ кӯчидем, рӯзе устод Айнӣ меҳмони мо шуданд. Ҳангоми пешвоз ва хидмат падарам кӯшиш мекарданд, ки пушташонро тарафи устод Айнӣ нагардонанд.

Дар мактуби духтари Обидӣ, ки дар Маскав таҳсил мекард, омадааст: «Дорогой Мирзо Турсунович! Спасибо вам за денежную поддежку». Инчунин, аспирантҳо ба ман гуфта буданд, ки баъди вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав падарам ба ҳар кадоми онҳо барои ёрӣ 25 сум медоданд.

 

• Муносибати устод ҳамчун роҳбар бо зердастонашон чӣ гуна буд?

Падарам кӯшиш мекарданд, ки адибон худро дар Иттифоқи нависандагон озод ҳис кунанд. Ба ҷавонон диққати махсус медоданд. Аз қадами аввалини онҳо шод мегаштанд. Мо номи он ҷавонҳоро нахуст аз забони падар мешунидем. Дар суҳбатҳои қаблиам гуфта будам, ки Гулрухсор аз фанни ман бояд имтиҳон месупорид. Падарам як рӯз пеш аз имтиҳон гуфтанд, ки як духтарак ҳаст, фардо аз ту имтиҳон дорад. ӯро хафа накун. Пурсидам, ки чаро? Посух доданд, ки ӯ шеър менависад, суруд мехонад, думбра менавозад ва бисёр боистеъдод аст. Дар ёдам ҳаст, ки аз имтиҳон 4 гирифта буд.

Ман бисёр сахтгир будам, кӣ ва аз куҷо будани донишҷӯ бароям аҳамият надошт. Кӯшиш мекардам, ки вақти лексия бештар ба донишҷӯи доно ва соҳибистеъдод таваҷҷуҳ дошта бошам. Падарам низ ҳамин хислатро доштанд. Мо аз куҷо будани ягон шогирдашонро намедонистем.

Шогирдон ва зердастонашонро дастгирӣ мекарданд. Вақте Муъмин Қаноат сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид, Тихонов дар баромадаш қайд кард, ки ин хоҳиши охирини Мирзо буд.

Аммо лозим ба ёдоварист, ки бисёр сахтгир буданд, махсусан, дар масъалаи адабиёт. Агар ин хел намешуд, Бозору Гулрухсору Лоиқ ба майдон намеомаданд. Аз хондани як шеъри ҷавонон маълум мекарданд, ки истеъдод дорад ё не. Агар шеър писандашон меомад, мегуфтанд, ки оянда дорад. Дастгирӣ мекарданд, барои хондан мефиристоданд.

Дар атрофашон чӣ гуна адибон буданд? Онҳоро ҳама мешинохт. Яъне падарам тарафдори шеъри асил ва адибони соҳибистеъдод буданд.

 

• Мегӯянд, ки ҳамон солҳо мехостанд устодро дар Тоҷикистон муҳокима кунанд?

Бале, яке аз адибон даъво кард, ки китобҳояш чоп намешавад. Дар ҳоле, ки китобҳояш дар Душанбеву Маскав нашр шуда буд. Падарам бисёр хашмгин, ғамгин ва дилхунук шуданд. Сабаби чунин рафтор барои мо номаълум аст. Зеро падарам оиди ин масъала лаб намекушоданд. Шояд касе адиби он вақт ҷавонро ба ин кор талқин карда бошад. Ба ҳар ҳол, беасос будани даъвояшон исбот шуд. Фикр мекунам, ки он шахс низ хатои худро дарк кард. Зеро ҳар боре, ки зиёрати гӯри падар мерафтам, ӯро дар он ҷо медидам. Албатта, ӯ худро пинҳон мекард, чунки шарм медошт.

 

• Рӯзҳои охирини устод Турсунзода чӣ сон паси сар мешуданд?

Падарам танҳо рӯзи охирин сахт бемор шуданду аз ҳуш рафтанд. Ҳамон рӯз нохунҳояшонро гирифтам, мӯи сарашонро шона кардам, сару либоси дигар пӯшонидам. Бояд падарамро ба дигар ҷо мегузарониданд. Аз Маскав табибе омад, ки бояд бо дастгоҳи махсус хунашонро тоза мекард. Дилашон ба кори он дастгоҳ тоб наовард ва баъди ду соати амал аз дунё гузаштанд.

Дар масъалаи дафн ва ҷои дафн ба мо чизе нагуфта буданд. Танҳо ҳамон рӯз маро Гулҷаҳон Бобосодиқова ба боғи Айнӣ бурданд. Аввалин чизе, ки ба чашмам бархӯрд, навиштаҷоти «Хуш омадед» буд. Ман, ҳатто, аз мошин нафаромада гуфтам, ки ин ҷо намешавад. Ин ҷо боғ аст, мардум меоянд, гӯри падарам таги по мемонад. Баъдан, мисраъи «Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор»-и падарамро ба ёд оварда, Лучобро интихоб кардам.

 

• Кадом нақшаҳои устод амалӣ нашуданд?

Дар беморхона ғамгин буданду доим мегуфтанд, ки барои ман мавзуъ даркор, 60-солагии Инқилоб наздик, аммо ман як сатр ҳам нанавиштам. Аз суханронияшон маълум буд, ки нақшаи навиштаи асари бузургеро доштанд.

Нақшаи дигарашон сохтмони бинои нави Иттифоқи нависандагон буд. Барои ин ба Маскав нома навишта буданд. Аз ҳисоби фонди адабӣ бинои Иттифоқ, барои адибон ду бинои истиқоматӣ бояд сохта мешуд. Сохтмони Иттифоқи нависандагон ва хонаи мо анҷом шуд, ҳарчанд муяссар нашуд, ки падарам натиҷаи заҳматҳояшонро бинанд. Аммо бо сар задани ҳодисаҳо дар нимаи охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадум Фонди адабӣ барои сохтани бинои дуюми истиқоматӣ маблағ ҷудо накард.

Толори калони Иттифоқи нависандагон баъди анҷоми сохтмон «Хонаи эҷодии ба номи Турсунзода» ном гирифта шуда буд. Аммо як муддат ин навишта нопадид шуд. Намояндаи адабиёти тоҷик дар Маскав Шавкат Ниёзӣ буданд ва бо ташаббусу кӯшишҳои он кас номи падарам барқарор шуд.

 

• Агар устод Турсунзода зинда мебуданд, шояд воқеаҳои солҳои навадум рух намедоданд?

Мардум мегуфтанд, ки вуҷуди Турсунзода пеши роҳи ин ҳодисаҳоро мегирифт. Ин бовари мардум ба шоири худ буд.

Боре духтари амаки Миршакарро дидам, ки гуфт: «Падарам дар ҳамон солҳои мудҳиш такрор мекарданд, ки хуб шуд Мирзо ин рӯзҳоро надид. Вагарна қалбаш тоб наоварда, пора-пора мешуд».

Рӯзи дафни падарам мардуми зиёд омада буданд, ки баъди маросими дафн аз толори Театри опера ва балет пойафзолу ашёи бисёри гумшудаи мардум дарёфт шуд. Симои як мӯйсафед аз пеши чашмам дур намеравад, ки бо либосҳои ҳарбиву ордену медалҳои қатор, аммо бо ду асобағал ба видоъи падарам омада буд.

 

• Дар куҷое хонда будам, ки устод рӯзҳои охир ин байтро такрор мекардаанд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.

Ин кадом ғам буд?

Ғами адабиёт буд. Ғайр аз адабиёт дар забонаш ҳарфи дигаре набуд. Вақте сари дастархон менишастем, модарам таъкид мекарданд, ки дар бораи адабиёт ҳеҷ кадоматон гап намезанед.

Рӯзҳои охир танҳо «афсӯс, афсӯс» мегуфтанд. Як бор пурсидам, ки аз чӣ афсӯс мехӯред? Ҷавоб доданд, ки баъди ман Иттифоқи нависандагон чӣ мешуда бошад?

 

• Маводи чопнашудае аз устод мавҷуд ҳаст?

Аз архиви падарам китоби охиринашонро ёфтам. Аз устод Лоиқ хоҳиш кардам, ки дастхатҳоро хонанд, зеро ҳамаи шеърҳои падарам бо хати форсиянд. Баъди хондан маълум шуд, ки аксари шеърҳо нашр нашудаанд. Дар бойгонии падарам маводи зиёди публисистӣ, мактубҳо, шеърҳо ҳастанд, ки то имрӯз рӯи чопро надидаанд. Қариб 17-18 дафтар аст он ҷо.

Осори чопнашудаашон як тараф, мероси адабии эшон ба таври пурра омӯхта нашудааст. Чанд вақт пеш бо директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ вохӯрдаму хоҳиш кардам, ки дар институташон аспиранти «турсунзодашинос» қабул кунанд. Ваъда доданд. Намедонам оқибат чӣ мешавад. Мо, воқеан, дар хона-музеи падарам ба чунин донишҷӯ ниёз дорем.

 

• Устод дар кадом ҳолат эҷод мекарданд?

Одатан ними шаб, баъди оне ки ҳамаро хоб мебурд. Ё ба ягон ҷо мерафтанд. Масалан, ба Кондара ё ба Хоҷаобигарм. Аксари шеърҳояшонро дар Хоҷаобигарм навиштаанд. Вақте ки рӯзҳои шанбеву якшанбе ба дидорашон мерафтем, шеърҳояшонро ба мо мехонданд. Яъне шунавандаи аввали шеърҳои дар Хоҷаобигарм эҷодшудаашон мо будем.

 

• Сурудҳо бо матни устод Турсунзода миёни мардуми мо ва берун аз марз машҳуранд. Матнҳоро худи сарояндагон интихоб мекарданд ва ё супоришӣ буданд?

Суруд барои кинофилмҳо супоришӣ буд. Дигар шеърҳоро худи сарояндагон аз китобҳои падарам интихоб кардаанд.

 

• Замоне аз рӯи асарҳои устод филмҳо бардошта шуда буданд. Имрӯз вақти он нарасидааст, ки аз зиндагиномаи устод филме ба навор гирифта шавад ва тамошибини тоҷик симои устодро дар экрани телевизионҳои худ бубинад?

Филми бадеӣ ё ҳуҷҷатӣ?

• Бадеӣ.

Не. Намехоҳам. Барои ман ҳамон намоишномае, ки ба падарам бахшида шудааст, писанд нест. Ман намехоҳам, зеро метарсам, ки симои падарам дар чашми ман хира мешавад. Агар филми ҳуҷҷатӣ бошад, боке нест. Тамоми бойгонии хонаводаи моро, махсусан аксҳои оилавӣ, ки ҳатто акси 12-солагии модарам дар он миён ҳаст, яке аз ҷиянҳоям нигаҳдорӣ мекунад. Касе хоҳиши сохтани филми ҳуҷҷатиро дошта бошад, марҳамат.

 

• Аз ҳавлии падар, ки имрӯз хона-музей аст, хотираҳои зиёд доред. Тарки он манзил бароятон душвор набуд?

Ин қарори оилавӣ буд. Мо дар панҷ дақиқа ба ин қарор омадем. Модарам гуфтанд, ки хона бо тамоми ашёаш бо меҳнати падаратон ба даст омадааст ва аз они падаратон боқӣ мемонад. Аз ҳамин сабаб, ин ҷо музей мешавад. Мо аз он ҷо ягон чиз нагирифтем. Ин туҳфаи оилаи Мирзо Турсунзода ба давлат аст.

 

• Фарзанди Турсунзода будан ифтихор аст ё масъулият?

Ҳам ифтихор ва ҳам масъулият. Аммо масъулияташ зиёдтар аст. Чунки чашми ҳама ба рафтору гуфтору кирдори мо нигаронида шуда буд. Боре як ҳуҷҷатро пур кардан лозим буд. Шахси масъул ба ман муроҷиат кард, ки аз шумо насабатонро пурсида истодаам, на шаҳратонро.

 

• Вақте ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падаратон унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд, чӣ эҳсосе вуҷуди шуморо фаро гирифт?

Ифтихор ва албатта, миннатдорӣ, ки баъди як давраи бисёр ҳассос ва мудҳиш баҳри падари ман як ҷашни бузург созмон доданд. Ин далели шуҷоат ва қадршиносии Президенти мамлакатамон аст.

 

• Дар охир донистан мехостем, ки дар ҳақи устод Мирзо Турсунзода чӣ корҳои анҷомнашуда боқӣ мондааст?

Тоҷикистон аз падарам қадршиносӣ кард, ба номи падарам бисёр ҷойҳову муассисаҳо гузошта шудааст, ки арзи миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар ва мардуми тоҷик мерасонам. Фақат орзу дорам, ки осори адабии падарам омӯхта шавад.

 

• Ташаккур барои як суҳбати зебо ва узр мехоҳам, ки вақти қимататонро гирифтам.

 

Ба шумо ташаккур барои ёдоварӣ.

 

Мусоҳибаи Бузургмеҳри Ҳаким