АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо”-и ноҳияи Ҷайҳун, аксияи тозагӣ зери унвони “ҲХДТ - Ҳизби созанда ва бунёдкор” баргузор гардид, ки дар он аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳазбии ташкилоти ибтидоии номбурда фаъолона иштирок намуда, ҳавлӣ ва атрофи Беморхонаи марказиро тозаю озода намуданд ва дар ҷойҳои холӣ ҳаргуна гулҳои ороиши шинониданд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин аксия ҳар рӯзҳои панҷшанбе дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардида, бо ин васила метавонанд дар тозагию ободии ноҳия саҳми хешро гузоранд.