ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛУ ЗАҲКАШҲО ҲОСИЛНОКИИ ЗАМИНҲОРО ЗИЁД МЕКУНАД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишт ва дар ин мавсим сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон ҳалли мулушкилотро чораҷӯи намуда бо истифода аз техникаҳо тоза кардани каналу заҳбурҳо бо маром идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Навзамин, ки роҳбарии онро Аминов Суҳроб ба ӯҳда дорад дар деҳаи Умед ба тоза намудани каналу заҳбурҳо шуруъ намуданд, ки бевосита аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми басо муҳим гузошта истодаанд. Тибқи маълумот ба масофаи 2,8 км заҳбурҳо тоза карда мешавад.