СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватан Қубодиён, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва Вазорати  Маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар МТМУ №3-и ноҳия бо иштироки  директори соҳибтаҷрибаи муассиса ва омӯзгорони соҳибтаҷриба байни хонандагони сонфҳои болои ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Терроризм ва Эстремизм”,   “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар ” гузаронида шуд.