БӮРОНДУХТ – ШАҲЗОДАИ САРЛАШКАР 

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар сафҳаҳои таърихи низомӣ ва давлатдории мо ориёнажодон дар баробари мардони таҳамтан ва размандаву ватандӯст бонувон низ саҳми арзанда доранд. Яке аз чунин бонувон сарлашкари ҷасуру бебок ва шоҳзодаи ватанхоҳу ватандӯст Бӯрондухт аст, ки дар ин сафҳа бо ӯ ошно хоҳем шуд.

Қиссаву таърихи ҷасорат ва матонати ин зан дар китоби «Доробнома»-и Абутоҳири Тарсусӣ (садаи ХII) дар «Достони Бӯрондухт ва Искандар» оварда шудааст.

Дар фарҳангномаҳои муътабар аз ҷумла дар Луғат­номаи Деҳхудо оид ба ин номи таърихӣ чунин маълумот бармеояд: «Бӯрондухт дар порсии миёна маликаи сосонӣ (с. 628-590 ё 631) духтари Хусрави Парвиз буд. Сиккаҳое, ки аз Бӯрондухт барҷой монда, ба соли аввал, дувум ва савуми подшоҳии вай тааллуқ доранд.Дар достон сабт гардидааст, ки «..ӯро (Доробро) духтаре буд сахт боҷамолу камол, ки ӯ беназири аҳди хеш буд ва дар ҳаждаҳсолагӣ сурати Сиёвахшу фарри Ҳушанг дошт ва дар қуввату диловарӣ ба Исфандиёр мемонд. Аммо бар лаб хатти сабзе дошт, чунон ки ҳар кӣ вайро бидидӣ, пиндоштӣ, ки ӯ мард аст ва гурзи дувис­ту панҷоҳ ман кор фармудӣ. Ва Дороб ин духтарро қавӣ дӯст доштӣ ва ҳунарҳое, ки шоҳзодагонро мебакор ояд, ҳама ӯро даромӯхта будӣ. Ва ин духтарро Бӯрондухт ном буд ва ба ривояти дигар Равшанак ном дошт. Аз ин сабаб онро Бӯрондухт гуфтандӣ, ки ӯ пушти лаб хатти сабз дошт ва ҳеҷ касро ба мардӣ нашумурдӣ».Чун Доробшоҳ аз дасти Искандар кушта мешавад, оташи кину ғазаб ба дили Бӯрондухти ҳарбозмуда аланга зада, ӯ дар назди тобути падар савганд мехӯрад: -«Эй падари ман ва эй қуввати дили ман, маро бе ту зиндагонӣ ба чӣ кор ояд?! Аммо ба равони туву ба равони бузурги ниёи ман Дороб ибни Ардашер, ки ин ҷо ҳозир аст, ки доди ту аз Искандари набераи Файлақус бозхоҳам, ки Ҷонусёру Моҳёрро донам, ки ӯ баргумошт, то ба ту ин муомила карданд!»Искандар бо кушта шудани Доробшоҳ гумон мекард, ки тамоми мулки Порс аз они ӯ шудааст, вале Бӯрондухт лашкари парокандаи кишварро сарҷамъ намудаву ба муқобили Искандар беамон ҷангидааст. Дар «Доробнома» дарҷ гардидааст, ки лашкариёни Бӯрондухт мегӯянд: «…мо ҳама бандагони туему аз они Дороб, ки падарони мо бандагони шоҳ Дороб буданд ва бидонад маликаи Эрон, ки то пойи ту дар рикоб бошад, мо аз барои ту ба ду даст теғ бизанему аз ту барнагардем, то кори Искандар якрӯя шавад… Акнун ки Шуморо бо ҷон дидем, ҳар чӣ ишорат кунед бар он биравем.»...Дар ин достон хонандаи хушзавқ огоҳ мегардад, ки чӣ тавр лашкари Бӯрондухт бар зидди душмани аҷнабӣ меҷангаду ҳар як ваҷаб хоки ватан ба онон муқаддас аст ва онҳо омодаанд, то ин ғорату хунрезии Искандарро дар мулки худи ӯ садчанд бикунанд ва ин қасосро аз руму румиён бигиранд.Дар ин достон матонату диловарӣ ва ҷасорати ин бонуи марднеру ва нотарс пурра таҷассум ёфтааст. Ҳатто, чун Искандар мехоҳад ӯро чуфти худ созад, аз ин пешниҳод Бӯрондухт ҳаргиз розӣ нашуда, шартҳои худро пеш мегузорад, ки танҳо барои сулҳу осоиштагис­ту бас.Бӯрондухт дар руҳияи гуфтору кирдор ва пиндори нек тарбия ёфта, акси ин ахлоқи ҳамидаи инсониро дар ниҳоди инсонҳо намепазируфт ва он вақте бо ҳадафи осудагии фардӣ модари Бӯрондухт, ки Обондухт ном дорад, ба хотири Искандар ба Дороб бад карду ӯро гирифт ва Бӯрондухт ба ин сахт нафрат дошт. Вақте ба кӯшки модар медарояд, аз аслу насаби хеш ёдовар шуда, мегӯяд: "Манам Бӯрондухт бинти Дороб ибни Дороб ибни Ардашер ибни Гуштосп ибни Луҳросп аз тухмаи Ҳушанг!..." ва чун модараш аз ӯ узр хостанӣ мешавад, Бӯрондухт чунин посух медиҳад: «Мабодо модаре чун ту андар ҷаҳон, ки номи худ ба нанг фурӯ бурдӣ ба ҷиҳати Искандар, то маро дар ҷаҳон афкандӣ ва Истахр бо вай додӣ ва бо ӯ дарсохтӣ ва марову падари маро фаромӯш кардӣ!...».Ин достони мухтасари таърихӣ ва пурмуҳтаво, ки дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ бо корномаи як шаҳзодабонуи далеру матин офарида шудааст, бори дигар моро аз диловариву мардонагӣ ва поктинатии зани тоҷик сабақ меомӯзад. 

 

 Р. Зулфониён, 

©"Фирӯза" № 3-4, 2024