АРТАШИ МИЛЛӢ – ТАКЯГОҲИ МИЛЛАТ

Фархор: Созандагони ватан  

 Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ бо  иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва шуъбаи маорифи ноҳия дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №10 соати сиёсӣ дар мавзӯи “Арташи миллӣ – такягоҳи миллат” баргузор гардид.

Маърузачиён дар назди хонандагон маърӯзаҳои омоданамудаи худро оид ба мавзӯи болозикр қироат намуда иброз доштанд, ки Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Артиши миллӣ. Аммо дар ин миён Артиш ба иловаи яке аз рукнҳои истиқлол буданаш масъулияти ҳифзи истиқлолро низ бар дӯш дорад. Масъулияти бисёр сангин ва дар айни ҳол пурифтихор. Масъулияте, ки ба соҳибаш унвони баланди муҳофизи Ватан ва эҳтироми мардумро ато мекунад. Ва ин ифтихорест, ки на ҳар кас ба он мушарраф шуда метавонад. Зеро ноил шудан ба чунин ифтихор аз ҳар фард садоқати воқеӣ ба Ватан, муҳаббати бепоён ба миллат, виҷдони пок, дили гарм ва нияти некро тақозо мекунад.Мо имрӯз соҳиби артише ҳастем, ки таъриху корномаи начандон тӯлонӣ, вале пурифтихор дорад. Зеро дар ду даҳаи ҳассос барои ба эътидол овардани вазъи сиёсиву амниятӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона хизмат кардааст.Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврали соли 1993 таъсис ёфта, 30 сол боз арзи ҳастӣ дорад. Ин Артиш агарчӣ имрӯз соҳиби мақому маҳорат ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ буда, ба Артиши пурқудрати минтақа табдил ёфтааст, аммо то расидан ба чунин сатҳ рӯзҳои душвор ва роҳи пурпечутоберо гузаронидааст.Таърихи поёни асри 20-и ҷумҳуриамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсус дорад. Дар таърихи навини Тоҷикистон волотарин дастовард — соҳиб шудан ба истиқлол аст, ки соли 1991 амалӣ гардид.Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки ҷумҳуриро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид.