СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва Шуъбаи маорифи ноҳия оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Ёвон бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзӯҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва оид ба ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оби тоза ва эълон гардидани Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” гузаронида шуд.