ҶАВОНОН – ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

КИВ: Андеша  

“Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонӣ марҳалаи зеботарину дилнишинтарин умри инсон ба шумор меравад. Орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагӣ мебошад. Дар ҳар давру замон ҷавононро қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа медонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, зеро дар иртибот ба вазъияти демографии Тоҷикистон 70 – фисади аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳад. Ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, мо ҷавонон бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатиро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар тадбиқи он такягоҳи асосӣ бошем.

Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Воқеан, дар ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст ва онҳо дар ояндаи  кишвар ҳамчун захира ва қувваи асосии давлат ба ҳисоб меравад.

Мо – ҷавонони ҳамин Ватан шукургузорӣ аз ин диёри зебоманзар Тоҷикистони азиз, аз пойдевории сулҳу ваҳдат, шароити мусоид аз таҳсилу фароғат, зиндагии шоиста ва дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мекунем.

Мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши худро намуда, барои оромию осудагии ин Ватан ҳатто ҷони худро бояд дареғ надорем. Мо сарваре дорем, ки ба мо ҷавонон боварии зиёд доранд, ки ҳатто ояндаи ин давлатро ба дасти мо супоридаанд, пас моро месазад, ки то сазовори боварии Пешвои миллат бошем ва Ватани маҳбубамонро боз ҳам дар тамоми гушаи дунё муаррифӣ намоем.

Сафаров Фирдавс, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон