МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024 ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРТУС

Шаҳритуc:  

Санаи 26 апрели соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус «Оид  ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда» бо иштироки аъзоёни Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, узви Раёсат ва Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии Демоктарии  Тоҷикистон  дар ноҳия  - раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Тағой Маҳкам, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, фаъолон, намояндагони васоити омма  ва дигар шахсиятҳои расмӣ даъват шуда дар сатҳи баланд баргузор гашт.

         Маҷлиси   Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус-ро раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳ. кушода, рӯзномаи маҷлисро бо  4 масъала  шинос намуд:

        1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи  Шаҳритус дар семоҳаи  якуми соли  2024 ва  вазифаҳо барои минбаъда;

        2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; 

       3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

       4. Масъалаҳои ҷорӣ.  

         Аз рӯи масъалаҳои пешниҳодгардидаи рӯзномаи  маҷлис раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Шаҳритус Шарофзода Ҳ. ҳисобот дод.

         Дар  фарҷоми маҷлис узви Раёсат ва Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳия Абдуллозода Т.М.  баромад намуда фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритусро дар семоҳаи якуми соли 2024 назаррас арзёби  карда, маслиҳатҳои  муфид  дод.  

         Масъалаҳое, ки барои муҳокимаи Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  пешниҳод  шуда  баррасӣ  гардиданд.