“РОҒУН” - РАВШАНИБАХШИ ХОНАДОНИ МО

Ҳамадонӣ: Андеша  

“Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фард, Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обруи двлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад ва барои расидан ба ин ҳадаф сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ саҳми асосиро иҷро менамоянд. Тоҷикистон дорои захираи ҳангуфти об мебошад ва дар расидан ба ин ҳадафи стратегӣ нақш ва тарзи истифодаи ин захираҳои табии бағоят муҳим арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон дар қалби кӯҳҳо ҷойгир мебошад ва аз ганҷи бебаҳо чун об саршор мебошад. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар кишварҳои ИДМ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Аз рӯйи захираҳои обии мавҷуда сохтани неругоҳҳои обии барқӣ метавонад ҳам барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар ва ҳам барои расидан ба экологияи сабз мусоидат намояд. 

Сохтмони Неругоҳи обии барқии “Роғун” ва пурра ба кор даромадани агрегатҳои он метавонад барои равшани бахшидан ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик нақши асосӣ бозад. Неругоҳи барқии обии “Роғун” аввалин неругоҳе мебошад, ки ба пуррагӣ ба истифода додани он мароми чандинасраи миллати тоҷикро бароварда метавонад. Бояд қайд намуд, ки пурра истифода намудани захираҳои обии ҷумҳурӣ дар роҳҳи сохтмони неругоҳҳо боис бар он мегардад, то ҳам кишвари мо ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қувваи барқ таъмин гарданд. “Роғун” неругоҳҳи обии барқие мебошад, ки бо ба пурра ба истифода додани он ормонҳои чадинсолаи миллати тоҷик баҳри амалӣ гардидан барои дар шароити беҳтари иҷтимоӣ зиндагӣ намудан мусоидат менамояд. Ҳанӯз аз замони аввали давлатдории миллати мо Сарвари кишвар-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва иқтидори давлатдорӣ ва бо такя ба захираҳои бузурги кишвару матонату шуҷоати миллати тоҷик сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро асоси ҳатмӣ донист. “Роғун” дар дили кӯҳҳои кишвар ҷой гирифта, ҳангоми ба фаъолият оғоз намудани он воқеан ҳам нақши қалбро мебозад.

“Роғун” манбаи нуру рушноӣ барои ҳар хонадони тоҷикистонӣ мебошад. Сохтмони ин неругоҳ бори дигар барои ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки халқи заҳматкаши тоҷик метавонад, баҳри пешрафти худ ҳар кореро анҷом диҳад, мисоли ин, пеш аз ҳама, тағйир додани маҷрои дарёи Вахш шуда метавонад. Дар неругоҳи барқӣ-обии “Роғун” ҳазорон нафар мардуми тоҷик ба кор сафарбар гардидаанд, ки кори онҳо воқеан ҳам ҷои таҳсину офарин дорад. Чунки аксарияти корҳо дар зери замин ба иҷро расонида мешаванд.

Дигар хусусияти мусбати неругоҳи “Роғун”-ро дар он метавон дид, ки дар тамоюли ҷаҳонии ташаккули “иқтисодиёти сабз” ва дар асоси он рӯ овардан ба фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза нақши асосӣ дорад, ба пуррагӣ сохтмони ин неругоҳ бисёр ҳам тадбирона арзёбӣ гардидааст. Чунки он метавонад, дар асоси истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин, бидуни ба эколоия таъсир расонидан қувваи барқро истеҳсол намояд. Ки чунин тадбир аз ҷиҳати экологӣ низ барои кишвар манфиатовар мебошад. Зеро дар замони ҳозир, ки мушкилии экологӣ ва ифлосшавии муҳити зист тамоми ҷаҳонро фарогир шудааст. Истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ бехатар пешрафти экологии моро низ дар бар мегирад. Чунки “Роғун” бо истифода аз манбаи табиӣ об ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат расонида, обанбори он барои таъмини захираи об метавонад мусоидат намояд.

Барои сохтмони ин неругоҳ шаҳрвандони кишвар сафарбар гардида, инчунин, барои сохтмону кор бо таҷҳизотҳои он мутахассисони хориҷӣ сафарбар гардидаанд. Аз ҷумла, барои бунёди сарбанди ин неругоҳ ба уҳдаи Ширкати итолиёвии “Салини Импреҷилло” вогузор гардидааст. Аввалин агрегати ин неругоҳ 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд, ки воқеан ҳам дар як фазои идона таҷлил гардида буд. Баъдан агрегати дуюм ба истифода дода шуд, ки рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад.

Воқеан ҳам сохтмони чунин неругоҳ бори дигар ба ҷаҳониён эътироф намуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик чи гуна барои расидан ба ҳадафҳои худ талош меварзад ва баҳри қалби кӯҳро мешикофад. Қариб 90 фисади корҳои дар ин обанбор буда дар зери замин иҷро гардида, аз ҷониби нақбканҳо ва амсоли он мутахассисони ватандӯст ба анҷом расонида мешаванд, ки баҳри иҷроиши ин корҳо ғайри доштани малакаву маҳорат иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ лозим мебошад. Ҷои шараф дорад миллате ки баъди он ҳама азобу машаққат ба по хест ва тавонист қалби кӯҳҳоро шикофта барои расидан ба орзуҳои худ ва барои расидан ба истиқлолияти ҳаматарафа аз тамоми қуввати худ сарф намояд. Шараф ба ташкилкунандагони ин сохтмон! Шараф бар мардуми заҳматкаши тоҷик!

Шоқулова С.И.,
аъзои КИИ "Дониш"-и
ҲХДТ дар ДМТ