АМАЛИШАВИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сиёсати хориҷии зиёда аз дусад давлати соҳибистиқлол имрӯз дар асоси тасаввурот дар бораи манфиати миллӣ амалӣ карда мешавад. Мутаассифона, дар зери мафҳуми манфиатҳои миллӣ на танҳо ҳимояи мустақилият ва якпорчагии ҳудуди давлат, балки ҳамчунин ҳадафҳои идеологӣ, мақсадҳои миллатгароёна, афзоиши нерӯи ҳарбӣ барои таъмини амнияти худ ва ғайра дар назар дошта мешавад.

Дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳафтаи охири ҳар моҳ бо мақсади шинос намудани наврасону ҷавонон ба вазъи сиёсии кунунии ҷаҳон ва Тоҷикистон, дар ин замина огоҳ намудани онҳо аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротиву раддикалӣ ва арҷгузорӣ бо таъриху тамаддуни миллат амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман”  баргузор карда мешавад.

Дар ин асно таърихи 27 апрели соли 2024 бо иштироки омӯзгорону собиқадорон ва хатмкардагони муассисаи мазкур  дар МТМУ №4, “Соати сиёсӣ” дар мавзӯи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” доир гардид, ки дар он омӯзгорон ба хонандагон вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳону Ватани маҳбубамонро фаҳмонида, наврасону ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои замонавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳидоят намуданд.   

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш