ДАСТГИРИИ КӮДАКОНИ БЕМОР, ВА ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Кӯшониён: /01./06./2022/ Пешвои муаазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёти кудакон бе тафовут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо донистааст. Таваҷҷӯҳ намудан ба кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва умуман насли наврас бозгӯи пайравӣ аз ғамхорию ҳидояти сарвари давлатамон нисбат ба кӯдакон мебошад. Бо ин мақсад, бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон аъзои Кумитаи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин 7 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдудро аз ҷамоатҳои деҳоти Навбаҳор, Меҳнатобод, Сарвати Истиқлол ва ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи озуқаворӣ расониданд.