ШАНБЕГӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИФО” – БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шифо" - беморхонаи марказии ноҳия ба шанбегии дастаҷамъона баромада, заминҳои гирду атрофи беморхонаро аз алафҳои бегона тоза намуда, гулу ниҳолҳои сабз шинониданд. Кормандон ба корҳои рӯбучин, тоза намудани қитъаҳои гулзоргардида ва роҳравҳо, нармкунии зери дарахтон ва ба дигар корҳои ободонӣ машғул шуданд.