Фаъолияти ташкилоти ибтидоии «ЛКТ» дар се моҳи соли 2024 ҷамъбаст гардид.

Ховалинг:  

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ЛКТ» маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи авали соли 2024-ро гузарониданд. Дар ин ҷаласа намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  Ҷаъмахон Файзов ва Шарифҷон Набиев ширкат доштанд.

Котиби ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти номбурда дар семоҳаи авали соли 2023 пурра ҳисобот дод. Сипас якчанд нафар аз аъзоёни ташкилот ба музокира баромада, ҳисоботи котиби ташкилотро қаноатбахш шуумориданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома, аъзоёни дигари ташкилот баромад ва музокира намуданд. Маҷлис аз рӯи  масъалаҳои муҳокимагардида қраор қабул намуд.

Дар маҷлис намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баромад намуда, андешаҳояшонро перомуни фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ баён доштанд.