Вокуниш Мебояд ҷавононро аз мақсаду ҳадафҳои ғаразноки террористон бохабар созем.

Ховалинг: Вокуниш  

Бояд дарк намоем ва ҳӯшёр бошем, ки хатари терроризм ва экстремизм то ҳол аз байн нарафтааст ва намеравад. Ин вабои аср ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои он эмин бошад.

Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Чӣ тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад.

Мақсади ибтидоии чунин гурӯҳҳо халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Калимаҳои терроризм ва экстремизм пеши назари мо саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангезро меорад. Бояд дарк намоем, ки паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз ин амалҳо манфиат мебардоранд. Буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ҳам аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд. Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад.

 Террорист, террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Имрӯз вазифаи мо масъулин, ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд.

Бештар ба насли наврас бояд амалҳои хоинонаву иғвогаронаи террористону экстремистонро фаҳмонем, то ҷавонон аз ҳадафу мақсади нопоки онҳо бохабар гарданд. Дар он сурат мо метавонем ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои  иртиҷоиву ифротгарона пешгирӣ намоем.

Фарҳод Давлатов - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.