ОЗМУНИ ХОНАНДАИ СОЛ – 2024 ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён:  

Бо мақсади иҷрои нақшаи кории солонаи муассиса, дарёфти чеҳраҳои нав, хонандагони боистеъдоду дорои дониши баланд ва роҳнамоию роҳбаладии онҳо ба озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ озмуни "Хонандаи сол - 2024" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни бо иштироки васеъ ва фаъолонаи хонандагони синфҳои 5 - 11 ташкилу баргузор карда шуд. Беҳтаринҳо зода намешаванд, онҳоро мо худ аввал муайян карда, сипас бо гузашти вақт ба камол мерасонем”. Оре ин порчаҳо беҳикмат нестанд. Дар миёни ҷомеа ҳастанд афроде, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Рафторашон, гуфторашон ва кирдорашон. Миёни хонандагони муассисаҳо ҳастанд хонандагоне, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд.  Дониши бузург, ахлоқи намунавӣ хоси онҳост. Онҳо доимо талош баҳри фардо мекунанд. Ин гуна наврасонро мегӯянд: “хонандагони болаёқат”. Зеро онҳо на танҳо дар дохили як муассиса, балки берун аз он низ шаъну шарафи муассисаро ҳифз мекунанду боло мебаранд.