ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ОН

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Боиси ёдоварист, ки дар мамлакати аграриамон ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин амал собит сохт, ки Тоҷикистон қариб ба пуррагӣ худро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намояд. Сокинони менатқарини деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант аз ҷумлаи инҳо ба ҳисоб мерванд. Ҳақиқатан,  бозорҳои Ватани азизамон бо маҳсулоти тозаву хушсифат таъмин буда, сокинон мувофиқи хоҳиши худ аз он харидорӣ мекунанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар деҳаи Ваҳдат низ чун ҳарсола соҳибони хонавода дар заминҳои наздиҳавлигии хеш маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар баъзе минтақаҳои шароити хубдошта кишти такрорӣ низ ба роҳ монда мешавад. 

Раиси Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-Фарух Султонов иброз дошт, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи деҳқонон, ки имрӯзҳо саросари бозорҳои шаҳрро давр мезананд, ба заминҳои наздиҳавлигӣ зиёд  рабт доранд.