БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМХУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён:  

Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2024, №АП – 481 тасдиқ шудааст ва инчунин бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни хонандагони синфҳои 5-11 дар санаи 11. 04. 2024 аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида шуд:

1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия);

2. физика ва астрономия;

3. Химия;

4. Биология (ботаника, зоология, анатомия);

5. География;

6. Технологияи иттилоотӣ;

7. Ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бешак барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон, сайқалёбии дониши онҳо дар илмҳои дақиқ саҳми арзанда мегузорад, ва татбиқи илмҳои дақиқ дар амалия боиси рушд намудани чи иқтисод ва чӣ саноатикунонии кишвар хоҳад гашт.