ОЗМУНИ "МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОИНИ ХУДШИНОСӢ"

Вахш: Созандагони ватан  

Дар заминаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба  муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатиашон эълон гардид имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо озмунҳо, семинару конфронсҳои омӯзиши ва мизҳои муддавар доир гардида истодааст.

Бо мақсади дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба волоияти қонун тарбият намудани насли наврас, тарғиби арзишҳои ҳуқуқи инсон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи амният ва озодии Ватан ва дигар арзишҳои ҳуқуқии инсон дар мактаби интернати ноҳия байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” озмуни “Маърифати ҳуқуқӣ оини худшиносӣ” баргузор гардид, ки ғолибони даври аввал муайян ва ба даври дигар роҳхат гирифтанд.

 

              Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.