ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҲИЗБИ ИТТИҲОДУ ДӮСТИСТ.

Балҷувон: Созандагони ватан  

ҲХДТ барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.

Маҳз ҳамин ҳадафҳои неки Оиномаи ҲХДТ аст, ки мо бо тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯри гузаронида, баҳри кумак ба онҳо хосатан ба қишри ниёзманди ҷомеа дасти кумак дароз менамоем. Ва дар ин амали неку хайр аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия бо мо ҳамнафасу ҳамсадо мебошанд.