НАМОИШИ САРУ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Пайдост, ки ҳар миллат соҳиби арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад. Он арзишҳое, ки боиси муаррифии миллатҳо, давлатҳо ва халқҳои алоҳидаи дунё гаштаанд. Мо – тоҷикон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ, ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни бой ва ҳамчунин соҳиби давлати мустақил, арзишҳо ва фарҳанги миллии худамонро дорем. Арзишҳо ва фарҳангҳо, тавре маълум аст, бо мурури замон аз насл ба насл ҳифз шуда омадаанд. Гузаштагони миллати мо низ аз ҳар ҷиҳат кӯшиш мекарданд, то фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллии мо пойбарҷо боқӣ монад. Вале имрӯз дар шароите умр ба сар мебарем, ки ба истилоҳ ба ҳам омехташавӣ ё наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам таҳти номи ҷаҳонишавӣ суръат пайдо кардааст. Ин ба ҳам наздикшавиҳо ба он овардааст, ки фарҳангҳои бузург фарҳангҳои хурдро маҳв кардан доранд ва онҳоро мисле ки фурӯ мебаранд. Намунаи ин гуфта он аст, ки вақте ба бозорҳои кишвари мо анвои гуногуни сару либоси хориҷӣ (хоҳ он аврупоист ё арабӣ) фаровон ворид мешаванд, мо мардум, афроди ҷомеа, ки дар маҷмуъ ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳем, онҳоро “мӯди нав” гӯён мехарему ба бар мекунем. Агар моли хориҷӣ барои мо мӯди нав бошад, пас, моли худамон, ки то ин дам ҳифз шуда омадааст, мантиқан мӯди куҳна ҳисоб мешавад. Яъне мо тадриҷан аз истифодаи моли худӣ, ниҳоят аз фарҳанги худӣ барои “куҳна” буданаш ё “куҳна” шуданаш ор мекунем. Ин хатари бисёр бузург аст. Хатарест, ки бо шиддат не, балки бо нармӣ ва оҳиста-оҳиста наздик шуда пояҳои фарҳанги моро заифу ларзонак мегардонад. Дар робита ин бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 намоиши сару либоси миллӣ ва ҳунарҳои мирдумӣ баргузор карда шуд. Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад иброз доштанд, ки аз чи бошад, ки дар бозорҳои мо либосҳои бениҳоят кӯтоҳ бештар мушоҳида мешаванд. Агар аҳён-аҳён он либосҳое, ки дарозу кӯтоҳанд, ба урфу одатҳои мо мувофиқат кунанд, бештари маврид ба роҳгардиамон халал мерасонанд. Ё либосе, ки ба бар мекунем аз ҳад дароз бошад ба раққосаҳо монанд мешаваем. Айни замон пӯшидани либосҳои дароз анъана шудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ба ҳам омадани тамаддунҳо мо аз ин чиз орӣ буда наметавонем.