МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ПАЙРАВОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо намоянданони ҷомеа ва ходимони дин дода будан дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравон” мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқот аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳибии болозикр иштирок доштанд.Зимни суханронӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравон” оид ба мавзуи болозикр қайд карданд, ки Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд.Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи мамлакат даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.Мавриди тазаккур аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.