ЗАНОН НИЗ ДАР ОБОДГАРОНИИ ИН МАРЗУ БУМИ АҶДОДӢ ФАЪОЛАНД

Кӯлоб:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лола” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лола” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо ибрози андеша Мунавараи Бозорали ба сухан баромада, қайд кард, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, дар даврони истиқлолият проблемаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумат қарор гирифтааст. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд.

Дар баробари ин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лола”  қайд дошт, ки нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст. Андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби давлату Ҳукумат имконият дод, ки дар қатори ҷавонписарон шумораи ҷавондухтарон барои таҳсили илм дар макотбҳои олӣ зиёд гардад. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медихад, ки зан-модари тоҷик як нерӯи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад.