ОБОДИИ ВАТАН АЗ ДЕҲАЮ МАҲАЛЛИ ЗИСТИ ХУДАМОН ОҒОЗ МЕГАРДАД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар маҳаллаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Даҳана сокинон дастаҷаъона ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.

Зимни ҳамоиш мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулфов Муҳаммадҷон иштирок ва баромад намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои ободии маҳаллаю деҳаи худ саҳми худро гузошта истодаанд, ки ин амалҳои нек ҷонибдори аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо менамояд.

Оид ба дигар паҳлуҳои самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби корманди масъули ҳизбӣ баёни андеша шуда, зимни он сокинони ба баромадкунанда суолҳо дода, ҷавобҳои қаноъатбахш гирифтанд.