ИФРОТГАРОӢ – ЯКЕ АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

Восеъ: Вокуниш  

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм  ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Мақсади асосии  гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани карорҳо мебошад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшионаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва сулҳу осоиштагии кишвари маҳбубамонро нигаҳбон бошем.

Олимов Р.-мутахасиси бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ