АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Иттилоъ медиҳем, ки бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе бо ташаббуси Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар аксияи мазкур иштироки фаъолона дошта, бо истифода аз обу ҳавои мусоид  роҳравҳо ва ҷӯйбори  обгузари назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро аз алафҳои худрӯй ва партовҳо тоза намуданд.
 

Тоза нигоҳ доштани муҳити зист, хусусан ҷойҳои ҷамъиятӣ барои солимии ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар назди баъзе аз биноҳои баландошёна ва кӯчаву роҳравҳо партовҳои бӯи ғализдошта ва зарфҳои пластикӣ партофта шудаанд, ки ин ҳолат ба саломатии инсон хатар оварда,  аз ҷониби дигар ҳусни шаҳрро коста мегардонад.

Ҳизби   Халқии   Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пайваста ташаббусҳои наверо барои рушду пешрафти Ватани маҳбубамон рӯи кор меорад, ки ба нафъи ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳадаф аз роҳандозӣ гардидани аксияи навбатии “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!”, пеш аз ҳама, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, таъмини фазои созгору руҳиябахш ба ҷомеа,  даъвати мардум ба тозакорию сабзкорӣ ва инчунин, ба кишвари сабз табдил додани ин сарзамини биҳиштосо мебошад.
 

Тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва дастаҷамъона саҳм гузоштан дар тоза-кориҳо пеш аз ҳама масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Масъалаи риояи тозаву озода нигоҳ доштани атроф аз хона сарчашма мегирад, волидайнро мебояд фарзандонро дар руҳияи тозакориҳо ва ҳифзи солимии ҷомеа тарбия намоянд.
 

Кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳар ҳафта дар якҷоягӣ бо ризокорон ба аксияи ҳизбӣ баромада, намегузоранд, ки муҳити атроф ифлос ва бемориҳои гуногуни сироятӣ  пайдо шаванд.
Ҳар як фард вазифадор аст, ки муҳити атроф кӯча, маҳалла, хона, ҳавлӣ ва боғу хиёбонҳоро тоза нигоҳ дорад. Тозагӣ ба инсон руҳияи тоза мебахшад. Бояд қайд кард, ки тозакорию сабзкорӣ аз амалҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад.

“Ҳамрози халқ”