ВОХӮРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

11 апрел дар асоси нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант  оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрии гурӯҳи корӣ бо усули “Хона ба хона” доир гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Меҳроҷ Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, Низора Олимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, намояндагони ма-қомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши дину фарҳанги шаҳр, Ҷамоати деҳоти Гулистон ва раиси маҳалла иштирок доштанд.
 

Нахуст, гурӯҳи корӣ во-хӯриро бо усули “Хона ба хона” оғоз карда, бо сокинон аз наз-дик суҳбат карданд. Зимни боздид маълум гардид, ки сокинон  ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигии хешро оқилона истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории оилаашон саҳм мегузоранд.
 

Саидзода  Ҷамшед   Ҳамро, бо мардум аз дастуру супо-ришҳои Пешвои миллат муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи самараноки замин, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва дӯст дош-
тани сарзамини аҷдодӣ ёдо-варӣ карда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар  фаъолияти  худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои на-ҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқло-лияти сиёсию иқтисодӣ, иҷти-моӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

 

Ҳамчунин, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар ҷомеа буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими корӣ, оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои ҷомеа мусоидат мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳо ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдир-сози стратегии давлат - истиқ-лолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки ниҳояти он  расидан ба  зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

 

Ҳамчунин, дар идома дигар баромадкунандагон низ вобаста ба пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  зуҳуроти номатлуб,  назорати дурусти фарзандон дар  муассисаҳои таълимӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи давлат, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истиқболи шоиста аз санаҳои муҳими таърихии дарпешистодаи 27-солагии Ваҳдати миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон дучанд меҳнат карда, насли наврасу ҷавонро дар роҳи ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки онҳо дар оянда номбардори ин миллат ва ин сарзамини аҷдодӣ гарданд.

Зебо ИКРОМЗОДА,
“Ҳамрози халқ”