МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ  ТАШКЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БОЙТОРӢ”

Қубодиён:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бойторӣ” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Бойторӣ” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст. Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс баромад намуд.