САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН БА ФОИДАИ БУҶЕТИ ОИЛА МЕБОШАД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигӣ, ҳамчунин шарҳу тавзеҳи муҳтавои эълон гардидани соли 2024, ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар асоси нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, гурӯҳҳои корӣ фаъолияти худро бо усули хона ба хона ба роҳ мондаанд.

Зимни суҳбат бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба мардум фаҳмонида мешавад.
Барои амалӣ шудани ин масъалаҳо ва дастгирии онҳо аз ҷониби шаҳрвандон,  аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотиро зарур аст, ки худашон низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.
Зимни боздид аз замини наздиҳавлигии сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Хоҷаев Рустамбек маълум гардид, ки ҳамроҳи аҳли оилааш замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода бурда, айни замон дар он картошка, помидор, сабзӣ, қаламфури ширин ва дигар дарахтони мевадиҳанда кишт намуда дар кишти такрорӣ ният доранд,  ки зироати ҷуворимаккаи дон бикоранд.