ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМЕНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ "ОИД БА УСУЛҲОИ МУОСИРИ КИШТИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН"

Дӯстӣ:  

Санаи 18 апрел, дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар ноҳияи Дӯстӣ семинари илмӣ - назариявии вилоятӣ “Оид ба истифодаи усулҳои муосири кишти пахта дар вилояти Хатлон” баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши илмӣ-назариявӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, роҳбарияти ҶСП “Ҷжунтай Хатлон Син Силу”, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо  ва сардорони раёсату шуъбаҳои кишоварзӣ иштирок намуданд.

Қабл аз оғози семинар ҳайати меҳмонон ва иштирокдорон аз намоишгоҳи мошинолоти Тоҷикагролизинг дидан намуданд ва бо олимону мутахассисон суҳбат намуда, барои кишти зироатҳо маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардонидани рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноати сабук, шуғлноки аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмуъ беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, таваҷҷуҳи хоса дошта, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он дар мамлакат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон дар бораи вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун кардани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузошта буданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияташро ҷиҳати баланд бардоштани ҳавасмандгардонии пахтакорон, зиёд намудани масоҳати кишт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, дар солҳои 2023-2024 силсилаи тадбирҳоро амалӣ гардонд.

Тавре қайд гардид, соҳаи пахтакорӣ яке аз соҳаи асосӣ ва пешбарандаи соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ саҳми назаррас дорад. Ҳаминро ба инобат гирифта тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта 367 гектар зиёд гардида, 123567 гектар пешбинӣ гардида, ҳосилнокии нақшавии он 23,9 сентнериро ташкил медиҳад.

Соли гузашта бо дастгирии Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» 106 тонна чигити тухмии навъҳои Лодос, Перла-С ва Аря дастрас карда шуда, дар майдони 3520 гектар кишт гардида, ҳосили хуб ба даст оварда шуд.

Соли гузашта апробатсияи майдони кишти пахтаи тухмӣ гузаронида шуда, барои кишти имсола бештар навъҳои Лодос, Перла-С, Хатлон-2014, Тоҷикистон, Султон, Бухоро 102, Мая-455, Флеш, Флора, ДП-5111, Сорбон, Тобонӣ, Хуҷанд-67, Ирам-1-МН ва дар ноҳияи Дӯстӣ, Данғара, Ёвон бошад навъҳои Хитоии Синюйсзя-39, Сизинян-9, Тинян-9 истифода бурда истодаанд, ки дар ҳолати риояи агротехникаи парвариши ниҳолҳои пахта ва саривақт додани нуриҳои минералӣ, махсусан карбамиди истеҳсоли корхонаи «Тоҷик Азот», ки айни ҳол бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда истодаанд, ҳосили дилхоҳ ба даст овардан имконпазир мебошад.  

Раиси вилоят бо роҳбарияти ҶСП “Ҷжунтай Хатлон Син Силу” ҳамсуҳбат шуда, доир ба арзон ва бо нархи дастрас ба хочагиҳои деҳқонӣ дастрас намудани тухмии хушсифат маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамзамон, ба роҳбарони хоҷагии деҳқонии вилоят дастур доданд, ки таҷрибаи ин ширкатро дар самти кишти пахта ва ҳосилнокии он дар хоҷагиҳо роҳандозӣ намоянд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки кишоварзони вилоятро зарур аст, то стратегияву барномаҳои соҳавиро пурра татбиқ намуда, доир ба рушди соҳаи пахтакорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии он, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид аз иштирокдорони семинари илмӣ амалии ҷумҳуриявиро таъкид намуданд, ки дар ҳама бахшҳои соҳа корро ҷоннок ба роҳ монда, дар кишти такрорӣ ва баҳории зироатҳо диққати зарурӣ равона созанд.