КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ МУРАККАБИ ҶАМЪИЯТӢ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”. Коррупсия яке аз амалҳои номатлуб ҷомеа ба ҳисоб меравад. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Албатта, дар гузашта паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меърӣ ва ҳуқуқӣ оид ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб қабул гардида рӯи кор омадааст. Бо ибтикори Сарвари давлат як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ва вазифаи ҳар узви ҷомеа аз он иброт мебошад, ки дар ин масъала, пешгирии амалҳои коррупсионӣ мубориза барем. Танҳо дар муборизаи дастаҷамъи мо метавонем ин зуҳуроти номатлубро решакан намоем. Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист. Бо мақсади аз байн бурдани ин амали номатлуб, баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқии шаҳрвандон, муқовимат бо коррупсия дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо, чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ тибқи нақшаи чорабиҳо байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ, хонишҳои сиёсӣ, мизҳои мудаввар гузаронида мешавад. Тавре қайд намудем:"Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист".

Мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ , Ғуломов Асрор