АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛӢ ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати сазовор таҷлил аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамоҳангии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аъзоёну кормандон ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияро ба ҳашару умумӣ бароварда, бобати тозаву озода намудани гирду атрофи муҳити зисти хеш саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд.Дар атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаю бунёдкор” ташкил карда шуда, аъзоёну кормандони аксарияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар аксияи ҳизбӣ иштирок намуда, дар ободиву тозагии як гӯшаи диёр саҳми хешро гузоштанд.