“ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ҷ.Балхӣ:  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст. Ин навбат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби аъзо ва аъзои ТҶҶ Созандагони Ватан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи ташкилот, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуд. Аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани симои ташкилоти ибтидоӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Баъди баргузории аксия дар гирду атрофи ташкилоти ибтидоӣ гулҳои мавсимӣ шинонида шуда зери дарахтон ва гулҳо об дода шуд.