ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА – ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Қубодиён: Вокуниш  

 Дар охири қарни ХХ ва ибтидои қарни ХХI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мислиифротгароӣ ва терроризм рӯ барӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонанд, ки якумин амалиёти террористӣ кай,  дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.  Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремиз,  фундаментализм,  терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

  Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу усул ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон  экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор  омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

    Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоврӣ, парешонӣ  аз зиндагӣ). Файласуфи  машҳурианглис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар аср (замон)- и хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем”.

     Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро аз байн мебарад.

     Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Эктремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеси,  ки дар дунёи имрӯза  вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриҷандозӣ  ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи  баъзе ходимони дин, имомхатибон аз  минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти  бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили  маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан  ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимияти дар фазои кишвар аст. Имрӯзҳо масъалаи “муносибати ислом ба терроризм” масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки “Терроризм” эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7- декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан  надорад ва душмани Худову бандагони ӯст... Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои  душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд”.

Тоҷикистони  соҳибистиқлол дар ҷаҳон мавқеи худро ёфтаву ҳамчун як узви  ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу  ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи  Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз  намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қубодиён Раҳматзода Д.