МУТАҲИДИ БА ХОТИРИ ХИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Фархор: Созандагони ватан  

Дар Литсейи давлатии №2 ҷиҳати баргузории корҳои таблиғотӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхо ва муҳити зист миёни хонандагон ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад ҳамзамон намояндагони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” иштирок ва суханронӣ намуданд.Гуфта шуд, ки Дар ҳар минтақаи ҷаҳон таъсири гармшавии иқлим бо пайомадҳои хоси худ аз ҳам фарқ мекунад.  Муҳимтар аз ҳама, пиряхҳои кишварамон зери таҳдиди пурра обшавӣ қарор доранд, ки ин ба амалисозии нақшаю ниятҳои стратегии давлату Ҳукумат халал ворид менамояд. Барои мисол, мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ соли 2022 зимни тадқиқот муайян карданд, ки пиряхи Хирсон, воқеъ дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Ванҷоб ба масофаи 3 метр қафонишинӣ кардааст, ки ин аз босуръат об шудани пирях гувоҳӣ медиҳад. Ба ин монанд пиряхҳо дар ҳудуди кишвар хеле зиёданд, ки дар ҳолати обшавӣ қарор доранд. Пас, суол ба миён меояд, ки чӣ гуна метавон пиряхҳоро аз обшавӣ эмин нигоҳ дошт? Коршиносон ва олимони соҳа, дар мисоли ҳифзи пиряхи кӯҳҳои Алп бар ин назаранд, ки пӯшондани пиряхҳо  бо матои сафеди пахтагин яке аз роҳҳои афзали кам кардани обшавии  онҳо мебошад. Ин усул имконият медиҳад, ки таъсири нурҳои Офтоб ба пиряхҳо кам гардида, онҳоро аз босуръат обшавӣ нигоҳ медорад. Олимони Шурои аврупоии илм дар бораи Замин, дар робита ба ин, истифодаи одитарин усули ҳифзи пиряхҳоро кафолатнок меҳисобанд. Ба андешаи онҳо, дар наздикии пиряхҳо деворҳои зериобӣ бунёд карда шаванд, чун деворҳои мустаҳкам лағжиши пиряхҳоро ба сӯи кӯлу дарёҳо то як андоза коҳиш медиҳанд. Ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар кишвари мо ҳамаи соҳаҳои далхдор, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Худи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани мушкили мазкур аз тадбирҳои муассир ҳисобида мешавад.