ФАРЗАНДИ ПИРӮЗИ ВАТАН БОШ!

Фархор: Созандагони ватан  

 

Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии насли наврасу ҷавони кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳими давлатдории миллӣ маҳсуб мегардад. Дар ин самт ҳама ниҳодҳои низоми давлатӣ ба хусус корпусҳои идеологӣ муваззаф гардидаанд, ки мунтазам тадбирҳои самарабахшро роҳандозӣ ва пиёда созанд. Дар руҳияи ватандустӣ ва ҳифзи ватану миллат яке аз бахшҳои асосии тарбияи хонаводагӣ низ мебошад, ки дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию маънавӣ ва фарҳангии ҳаёти шахс ба он пайвастагӣ дорад.Роҷеъ ба ин ҲХДТ пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ карда, бо ҷалби ҳама аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар корҳо, дар ҷойҳо ва дар фаъолияти рӯзмара бо аҳли ҷомеа мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои тарғиботӣ доир менамояд. Дар ин росто пайваста дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи корҳои тарғиботӣ баргузор карда мешаванд. Чунин як мулоқоти судманд бо хонандагони Муассисаитаҳсилоти миёнаи умумии №32 санаи 15.04.2024 баргузор карда шуд.