САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ва иҷрои саривақтии он аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, аз ҷумла сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳор Гадоева Бибимо маданияти дуруст истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрории зироатҳо боимҷон, лубиёю мош, қаламфури ширину тезак, помидор, маккаи дон, караму гулкарам ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро ба  роҳ мондааст. Бояд қайд намуд, ки аъзоёни фаъоли деҳоти мазкур дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати самаранок истифодабарии заминҳои корам ва ёрирасон, захиираи 2 солаи маводи ғизоӣро сармашқи кори худ намуда, ҳар як ваҷаби заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, ба ин васила саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.