ОЗМУНИ УМУМИМАКТАБИИ “ХИМИКОНИ ҶАВОН”

Фархор: Созандагони ватан  

 

         Саннаи 15 апрели соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 озмуни умумимактабии “Химикони ҷавон”, бахшида ба эълон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкилу баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони болоёқати муассиса иштирок намуда, шартҳои озмунро, ки аз саволу ҷавоб ва иҷрои корҳои амалӣ иборат буданд бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Озмун тули чанд рӯз идома ёфта, иштирокчиёни фаъоли озмун бо сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.