ҲАФЗИ ТАБИАТ ҲАДАФИ АСЛИИ ҶАВОНОН

Фархор: Созандагони ватан  

 

Зери ҳамин мафҳум дар Литсейи давлатии №2- и ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  мулоқот баргузор карда шуд. Зимни суханрони иброз доштанд, ки ҳифзи муҳити зист вазифа ва уҳдадории ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, инсонро ба он водор мекунад, ки табиат, наботот ва ҳамчунин гирду атрофи манзил ва истиқоматгоҳи худро муҳофизат ва ҳимоя намояд.Инсон бо табиат аз азал дар иртиботи наздик буда, неъматҳои онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебурд, мебарад ва хоҳад бурд. Ҳар давру замон дониш, ҷаҳонбинӣ, таҷриба  ва шароитҳои худро дорост ва ҷаҳонбинии мо мувофиқи замону шароит тағйир меёбад. Баробари тараққиёти техникаи ҳозиразамон таъсири инсон ба муҳити атроф кам неву баръакс рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, инсон худ низ зарар ба табиат мерасонад.

Имрӯз дар дар ноҳияи Фархор ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ корхона ва ташкилотҳое амал менамоянд, ки самти фаъолияташон ба ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, яке аз ташкилотҳое ба исоб меравад, ки кормандонаш мутахассиси соҳаи худ мебошанд. Мақсад ва мароми онҳо дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоту сохторҳои вилоятӣ ва баробари ин андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аст.