ВОХӮРӢ БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия масъулини  КИ ҲХДТ  вохӯрии навбатии хешро бо аъзоёни “ТҶҶ Созандагони Ватан” дар МТМУ №46-и ноҳия доир намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо хонандагон дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ва фанҳои дақиқ суҳбат доир намуда,  қайд карда шуд, ки имрӯзҳо бадхоҳони миллат  тарақиёт ва сулҳу суботи кишвари азизамонро дида ҳасад мебаранд аз  ҳар роҳу васила ҷавонону наврасонро мағзшӯӣ намуда, ба доми хеш мекашанд ва имрӯз мо ҷавононро зарур аст, ки ба гуфтаҳои ин гурӯҳ шахсон дода нашавему зиракии сиёсиро аз даст надода, пуштибонӣ аз сиёсати имрӯзаи  давлат барои пешрафту тараққиёти кишвари азизамон тамоми донишу малакаи хешро равона созем.

 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.