ТАШАБУСИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Фархор: Созандагони ватан  

 Санаи 11 апрели соли ҷорӣ мулоқоти навбатии ҳизбиён бо аъзои ТҶҶ “Созандагони ватан”-и ноҳия дар масъалаи “Соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо” баргузор карда шуд.  Қайд карда шуд, ки «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ. Мавриди ёдоварист, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд. Ҳамзамон дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон аз устодон даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба ин ташаббусзои беназири Пешвои миллат дар дарсҳо суханрони намоянд токи хонандагон аз ин дастовардҳои милати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бохабар бошанд. Инчунин гуфта шуд, ки дар муассиса маҳфилҳо, мизҳои мудаввар ва бо ҷалби дигар муассисаҳои таълимӣ Конференсияҳо оид ба мавзӯи болозикр баргузор карда шавад.