ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалҳо, коргоҳҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири ҷорӣ рафта истодааст. Дар муассисаи таълимии №17 ҷамоати деҳоти С. Истиқлол бо ҷалби аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем! корҳои таъмиру азнавсозиро ба анҷом расониданд. Ин навбат кормани муассисаи таълимии мазкур барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар муассиса толори фарҳангии ва дару тирезаҳои онро азнавсозӣ ва рангубор намуданд.