МУҲИТИ ЗИСТИ ИНСОН АЗ ҶИҲАТИ ЭКОЛОГӢ БОЯД ТОЗА БОШАД.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара, ба ҳашар баромада, дар тозагиву озодагӣ ва хуррамгардонии ноҳия саҳм гузошта ва аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза менамоянд. Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ тоза бошад, пас он ба саломатии одамон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи инсонӣ асос мегузорад. Маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин менамоянд.

Иқдом мо на танҳо ноҳияи  худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзаминамонро меомӯзем.