ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРУ ТАРМИМИ МУАССИСА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби соҳибкорону сокинони ҷамоати деҳоти Заргар дар муассисаи таълимии №43 тариқи ҳашари дастаҷамъона корҳои таъмиру барқарорсозии саҳни муассисаро аз ҷумла мумфаршкунӣ дар масофаи 1050 м2 роҳандозӣ карданд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боиси он мегардад, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.