АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён санаи 11-уми апрели соли 2024 бо мақсади маълумот пайдо намудани шаҳрвандон оид ба “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, бахшида ба "30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аксияи ҳизбии саволу ҷавоб доир намуданд.

Ҳамчунин дар вақти баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандони фаъоле, ки ба саволҳои додашуда вобаста ба ин санаи муҳими таърихӣ ҷавобҳои дуруст гардониданд, туҳфаҳои хотиравӣ ва маводҳои ҳизбӣ аз қабили тақвим соли 2024, овезаи расмҳои Аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии ҳизбӣ ҳадя намуданд.

Боиси қайд аст, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдориву хештаншиносӣ ҳамчун шахсияти барҷаста эътироф шудааст.