АКСИЯИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР АМАЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба мақсади иҷрои нақшаи амалиёти муштарак оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар оромгоҳҳои «Хоҷа-Алмоси-Валӣ», «Сармайдон – 1» - и Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд, дар 2 оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назаров ва 1 оромгоҳи Ҷамоти деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, ҷавонону фаъолон, собиқадорон ва сокинони ҳудуди ҷамоату имомхатибон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ»  - ро роҳандозӣ намуданд, ки дар он сокинон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дохил ва атрофи оромгоҳи мазкурро аз хушкидаю алафҳои бегона тоза намуданд.

Ниҳолшинонӣ амали хайру савоб буда, аз гузаштагон ба мо чун анъанаи нек ба меърос мондааст. Аз ин рӯ, ҷиҳати ободу зебо намудани муҳиту атрофи оромгоҳҳо аз ҷониби иштирокчиён зиёда аз 40 адад дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин иқдом дар ҳудуди дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия роҳандозӣ карда мешавад.