ИҚДОМИ ТОЗАГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иқдоми ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури истиқлол” вобаста ба иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар кӯчаи Марказии ҷамоати шаҳраки Данғара шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Нақши ҳашар дар муттаҳидӣ, ғамхорӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ, яъне бо ҷомеа будану аз ҷомеа дур нашудан хеле барҷаста арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз гузаронидани ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ агар аз як тараф, ба тозагии муҳити атроф ва хуррамгардонии он нақши назаррас гузорад, аз тарафи дигар, дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа муттаҳидию сарҷамъиро таблиғу ташвиқ менамояд.

Интихоби шиори ҳизбиён низ гувоҳи он аст, ки онҳо моҳияти тозагиву хуррамгардониро хуб дарк намуда, аҳамияти онро дар зебоиву дилороӣ ва сарсабзу шукуфоии қалби поку муқаддаси Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд.