КӮМАК БА НИЁЗМАНДОН ВА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ғамхорӣ дар ҳаққи шахсони эҳтиёҷманду оилаҳои камбизоат ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд. Дасти кӯмак дароз намудан ба ин чунин шахсон дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби як нафар шахси хайрхоҳу саховатманд, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо аз ҷумла иди саиди фитр ба ин қишри аҳолӣ ҳамчун кори хайру савоб дасти кӯмак ва ғамхорӣ дароз намуда, ба шахсони эҳтиёҷманди ҷамоату деҳаҳои ноҳия маводҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ниёзмандон, ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.