ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, кӯмак расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ дар арафи иду ҷашнвораҳои миллии кишвар корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст.

Бузургони мо дастгирию кӯмак ба ин қишри осебпазири ҷомеаро барои ҳар як инсони соҳибдил фарз медонистанд. Ҳанӯз 1000 сол муқаддам устод Рӯдакӣ инсонро ба қаноатварзию шикастанафсӣ ва дастгирии ин табақаи ба истилоҳи имрӯза  «имкониятҳояшон маҳдуд»  ҳидоят карданд ва камоли мардиву футувватро аз ҳамин кирдори накӯтарини инсонӣ иборат донистанд.

Бо  ин мақсад аз тарафи аъзоёни фаъоли ТИ “Ҷ/ш МНДРА” ва шахсони саховатманд дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр ба аъзоёни ин ташкилот кӯмаки  яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.