ТАЪМИРИ СИНФХОНАҲО!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон фарзандони бонангу номуси миллат ва соҳибкорони саховатманду ҳимматбаланди тоҷик дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, иншооти дигари соҳаи маориф ва бо ҳамин роҳ дар самти амалӣ гаштани нақшаву ниятҳои Ҳукумати мамлакат саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд. Воқеан, мардуми донишпарвару фарҳангии мо мактабсозӣ ва эҳтиром ба илму донишро кори ниҳоят хайру савоб мешуморанд.Дар муассисаи таълимии №28-и ноҳияи Восеъ собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимии мазкур тасмим гирифтаанд, ки як синфхонаро аз таъмири пурра бароварда, бо тамоми таҷҳизотҳои муосири таълим ҷиҳозонида ба масъулин супоранд.Ин амали ҷавонмардонаи собиқ хатмкунандагон дар доираи ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман”  амали гардида истодааст, ки баҳри ибрати дигарон сабақест аз рӯзгор. Бошад, ки сафи чунин ҷавонмардон дар саҳмгузории диёри хеш назаррас бошад.